Шоирон бо эҷоди рубоиёти шикваомез аз «фалаки каҷрафтор», аҳли хунё бо омезиш додани ин рубоиёт бо мусиқии дилангез сурудҳои фалакӣ эҷод менамуданд.
«Фалак» маҷмуи оҳангу таронаҳои силсилавии мардуми тоҷик буда, бештар дар навоҳии куҳистон маъмул аст, зеро марди кӯҳистонӣ аз дасткӯтоҳиву нодорӣ, нобасомониҳои рӯзгор ба танг омада, роҳ сӯйи кӯҳсор мегирифт ва рӯ ба осмон оварда, фарёд мезад, дарду ғам ва розу ниёзи худро тавассути «нолаву фарёди ҷигарсӯз» алайҳи бедодиву нокомиҳои замона ба додрас – офаридгори оламу одам ифшо менамуд.
Мувофиқи нигоштаҳои як идда мусиқишиносони гузаштаву имрӯза пайдоиши «Фалак» ба асрҳои IX-X рост меояд. Лекин ба пиндори мо ташаккули он аз ин ҳам пештар сурат гирифтааст, зеро манбаъҳои маншаъи ин мусиқии мардумӣ хело қадимтаранд.
Суруду навои Фалак ба рӯди мусаффои кӯҳӣ шабоҳат дорад, ки аз ҳазорон чашмаҳои поку зулоли аз синаи кӯҳсорон фавворазананда ибтидову роҳ ба сӯи водии дилҳо гирифтааст, то онро сабзу хуррам ва боғистони пургул гардонида, ба рӯҳу ҷони мо роҳату тавон бахшад. Суруду навоҳои мусиқии мардумии «Фалак» аз манобеи зер сарчашма гирифтаанд:
- Готҳову Яштҳои Авасто, ки мӯбадону муридони онҳо дар оташкадаҳо месуруданд.
- Суруду таронаҳои мардумии тоҷик, ки таърихи зиёда аз 4500 сола доранд.
- Мероси мусиқии замони Сосониён, бахусус эҷодиёти Борбади Марвазӣ: 360 суруд, 30 лаҳни борбадӣ, 7 дастон, фаҳлавиёт ва ғ.
Як зумра пажӯҳандагони таърихи мусиқии мардумӣ оғози нишонаҳои Фалакро бо адабиёти сӯфия вобаста дониста, падидаҳои оҳангии онро бо сурудаҳои Абусаиди Абулхайр, Бобо Кӯҳӣ, Бобо Тоҳири Урён ва дигарон тавъам меҳисобанд. Ба ақидаи мо ҷараёни сӯфия яке аз манобеи фалак набуда, балки аз он истифода намудааст ва албатта дар ташаккулу такомули вай саҳм гузоштааст. Шоирони сӯфия бо рубоиҳои фалакии хеш арзи хокиёнро то фалакҳо расонидаанд. Матни «Фалак» асосан дубайтӣ ва ё рубоие интихоб мешуд, ки маънои фалсафӣ дошта, ифшогари розу ниёзи мардум буд ва нолаи пурсӯзи онҳоро ба осмон мебурд.
Баъзе аз муҳаққиқон чунин ақида доранд, ки агар фалакро ба қолиби мусиқии классикӣ дарорем, аз ин бурд мекарда бошем. Баракс «Фалак» жанри озод ва аз ҳар гуна қолибҳо орист, зода ва ифодагари рӯҳи озодихоҳи инсонист, ки ҳамеша дар тапиш ва болу пар задан аст, то қафаси баданро пора сохта, ба асли хеш бипайвандад. Вай ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбӣ ва таҷрибаи кофиро тақозо менамояд.
Агар ибтидо ва сарчашмаи сурудҳои мардумии тоҷик, аз ҷумла «Фалак» дар «Готҳо»-ву «Яштҳо» ва «Ясноҳо»-и Авасто бошад, пас он дар замони давлатдории Сосониён хело рушд кардааст. Асосгузори ин сулола Ардашери Бобакон (224-241) шоҳи донишманд ва адолатпеша буда, дар радифи комёбиҳои бузурги иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии кишвараш ба рушди илму фарҳанг ва ҳунар низ аҳамияти ҷиддӣ медод. Ӯ аз Ҳиндустону Юнон беҳтарин ромишгарону ҳофизон ва аҳли ҳунарро даъват менамуд. Ҳунармандони дарбор, аз имтиёзҳои фаровон бархурдор буданд.
Дар давраи ҳукмронии Хусрави Парвиз (590-628-38) низ мусиқӣ равнақ ёфт. Ҳунармандони машҳур Борбад, Бомшод, Саркаб, Саркаш, Ромтин, Накисову Озодвари Чангӣ, Гесӯи Навогар дар инкишофи санъати мусиқии касбии замони худ ва минбаъд нақши бориз гузоштаанд. Дар ин бора муаррихони қадими аҷам Ибни Муқаффаъ (721-757), Ибни Ҷоҳиз (775-866), Ибни Қутайба (838-889), Абулфараҷи Исфаҳонӣ (897-967), Ал-Ҳамадонӣ (969-1007), Ибни Қифтӣ (1172-1248) дар нигоштаҳояшон маълумоти саҳеҳ додаанд.
Дар замони бузургтарин ҳофиз ва ромишгар, роҳбари дастаи хунёгарони дарбори Хусрави Парвиз Борбади Марвазӣ (590-628-38) суннатҳои замзама ва замзамахонӣ, божхонӣ, божхомӯшӣ, фаҳлавиёт маъмул буданд. Шаклҳои гуногуни созию овозии локуӣ ё худ троник (тарона), чаковак (чакома, суруд), фаҳлавиёт (рубоиёти фалакӣ ё фалакиёт), рустактроник (таронаҳои халқӣ), чома, чакомак (чакома), вуҷуд доштанд, ки ҳангоми ҷашну тантанаҳои мавсимӣ, мазҳабӣ, оилавӣ иҷро мегардиданд. Бузургтарин ноқили «Фаҳлавиёт» Борбади Марвазӣ дониста шудааст, ки дар ин бора Абу Усмон ибни Ҷоҳиз дар асараш «Китоб-ут-тоҷ…» навиштааст: «Дар замони Хусрави Парвиз ва шоҳи мутрибони Аҷам Фаҳлабад (Борбад) санъати овозхонӣ ва навозандагӣ ба пояи хело баланд расид ва мақоми ромишгарон дар дараҷаи аввал буда ва ҳама савту суруде дар арса эҷод шуд, аз савту лаҳнҳои Фаҳлабадӣ (Борбадӣ) аст».
Донишманди тоҷик (ох. ас. X ва ав. а. XI) Фахруддини Марвӣ дар рисолааш «Сабки фаҳлавиёти Хурусонӣ» нигоштааст: «Мардумони атрофу акнофи Хуросон бештар вақт аз хондани лаҳнҳои порсии омехтаи туркӣ парҳезӣ буданд. Гоҳ аз шунидани бархе аз гунаи он сурудаҳо нанг мекарданд ва рӯ ба савту садои кӯҳистон оварданд. Ин кор то бад-он ҷое расид, ки суруди фалакии Ятимии Хатлонӣ пайки пиру барнои Хуросон гашт ва онро ҳар кас ба таври хеш бихонд. Ин суруди куҳистонии Машриқ то бад-ин аҳд бо номҳои «Фироқномаи Юсуф», «Ҳаҷри Яъқуби Канъон», «Нолаи малакут», «Нидои хокиён», «Фарёди ҷон» ва «Розҳои ногуфта» дар забони мардум бимонд».
Фалак жанри мусиқии шифоҳии ҳирфаӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, ба тарзи мактаби «устод-шогирд» то ба имрӯз расидааст.
Фалак асосан аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахшҳо сабки иҷроиширо дорост: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ.
Фалаки даштӣ шохаи қадимаи жанри мазкур буда, тарзи иҷроишаш аз фалаки роғӣ фарқ дорад, яъне фалаксаро дасти ростро ба бари гӯш бурда, онро бо садои баланди пурсӯзу изтироб ва бе ҳамсадоии мусиқӣ, озодона иҷро менамояд. Баъзан Фалаки даштиро фалаки ғарибӣ низ меноманд, зеро ангезааш ҳамеша андуҳ мебошад. Мусиқии Фалаки даштӣ ба тарзи бадоҳавӣ иҷро гардида, вазни озод ва сохтори беқолиб дорад. Матни он аз рубоиву дубайтӣ созмон ёфтааст.
Фалаки роғӣ аз рӯи шакл якқисма ва силсилавӣ (ду, чор ва панҷқисма) мешавад. Вобаста ба мавзӯъ, мазмун ва зарбҳои гуногуни мусиқӣ фалаки роғиро ба фалаки равонӣ, фалаки паррон, фалаки ғарибӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ ҷудо менамоянд. Матнаш аз рубоӣ, дубайтӣ ва ғазал иборат аст.
Ба ақидаи олими мусиқишиноси тоҷик Ф. Азизӣ ташаккули пурраи фалаки роғӣ дар асри XVIII ва аввалҳои асри XIX дар шаҳри Кӯлоб, ки тобеи аморати Бухоро буд, сурат гирифтааст, зеро таъсири шаҳрҳои Бухорову Самарқанд ба Кӯлоб ва дигар марокизи ҳавзаҳои фарҳангии минтақа зиёд буда, ҳамзамон дар ин давра дар Бухоро ташаккули пурраву мукаммали Шашмақом низ ба вуқуъ пайвастааст. Тарзи иҷроиши шаҳрии фалаки роғӣ аз ҷиҳати устувории зарб, ҳамвориву форамӣ ва рангомезии оҳанг, ки қариб авҷи баланд надорад, аз иҷроиши дигар манотиқ фарқ мекунад. Дар оғоз суруди фалакиро бо суръати устувору зарби ягона гуруҳи ҳофизон бо навбат ва дар алоҳидагӣ иҷро мекунанд. Сипас зина ба зина тағири зарб ва тез гардидани суръат мушоҳида мегардад. Дар натиҷа яке аз хусусиятҳои асосии силсилаи Фалак, яъне гардиш ба миён меояд. Баъди гардиш зарбу лаҳну оҳанги ҳар як қисми иҷрошаванда бо тарзи нав зуҳур намуда, шакли силсилабандии фалакро ба вуҷуд меорад. Фалаки роғӣ низ, чун силсилаҳои асливу фаръии бахши овози Шашмақом Наср ва Савт бо Уфар ҷамъбаст мешавад. Мусиқии он шӯху муфарраҳ буда, мавзӯи матнҳо низ бештар лирикӣ-ишқӣ мешаванд ва истифодаи зинаҳо озод буда, ба ҳайси матн аксар рубоӣ ва дар радифи он ғазалу мухаммас низ, ба кор бурда мешавад [“Фалак ва масъалаҳои таърихӣ–назариявии мусиқии тоҷик”. Мураттиб Ф. Азизӣ. – Душанбе: Адиб, 2009. – С. 9.].
Қисмҳои фалак дар 7 зина танзиму иҷро мешавад: Фироқ, Нола, Ҳиҷрон, Фарёд, Фиғон, Роз Чарх.
Пай дар пай ва бефосила иҷро гардидани бахш ва сурудҳои фалакиро «силсилахонӣ» меноманд.
Аз рӯи анъана Фалакро бо ҳамовозии созҳои мусиқии дуторча (думбра), ғижак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ иҷро мекунанд. Зарби фалак бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) буда, бо ҳамсадоии созҳои зарбии дафу таблак ва дойра навохта мешавад.
Жанри мусиқии фалак ғайр аз Тоҷикистон, дар шимоли Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон ва Чин маъмул аст.
Матни асосии Фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалу мухаммасҳои баландмазмунро низ, аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик истифода кардаанд. Ташаккулу такомули жанри фалаки роғӣ, низ ба монанди суруду таронаҳои Шашмақом дар зери таъсири бевоситаи қонунҳои бадеӣ-ахлоқии назми классикии тоҷикӣ-форсӣ сурат гирифтааст.
Албата замина, пайдоиш ва таркиби Фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ онро фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки дарвозӣ, фалаки афғонӣ (бадахшонӣ) ва фалаки кӯҳистонӣ, низ ном мебаранд.
Ба ақидаи донанда ва иҷрокунандаи машҳури «Фалак», Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Д. Хол намуди дигари иҷроии «Фалак» дар ҳолати лабҳои пӯшида сароида мешавад, ки «Фалаки бунгак» меноманд. Онро ҳам мардон мехонанду ҳам занон. «Фалаки бунгак» нахустин ифодагари ин жанр, яъне шакли қадимтарини фалаксароӣ буда, дар пайдоиш ва ташаккули дигар намудҳои Фалак нақши муассир дорад ва онро «фалаки димоғӣ» низ мегӯянд, ки хело аламнок ва бо сӯз иҷро мешавад.
Байни мардуми Самарқанду Бухоро ва болооби водии Зарафшон низ, як намуди суруд бо номи «мунга» маълум аст ва асосан занҳо онро дар танҳоӣ, бо лабҳои баста ва сӯзу гудоз замзама мекунанд ва тавассути он, дарду алами ниҳони худро ифода менамоянд…
Инчунин Фалак мардона ва занона мешавад.
Ҳангоми таҳлилу баррасӣ намудан бояд фаромӯш насозем, ки Фалак пеш аз ҳама жанри мусиқист ва дар ин ҷода аз ҷониби олимони имрӯзаи тоҷик Ф. Азизӣ, А. Низомӣ, А. Раҷабов, муҳақиқон Қ. Қурбониён, Д. Холов С. Каримов, корҳои мондагор ба сомон расидааст. Лекин тавассути матбуоти даврӣ, радиову телевизион баъзе таҳлилгарон, ҳатто иҷрокунандагони су рудҳои фалакӣ бештар ба таҳлили рубоӣ ва мазмуни матн саргарм шуда, аз баррасии мусиқии Фалак ва пайвастагии он бо матн фаромӯш месозанд.
Дар осори мусиқӣ ва адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик жанри шеърию мусиқии «Фалак» ва анъанаҳои иҷроии он мавқеи хос дорад. Аз ахбори адабиёти хаттӣ пайдост, ки «Фалак» чун шакл, жанри шеърию мусиқӣ таърихи хеле бостонӣ дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо анъанаҳои асили эҷодию иҷроии он аз дил ба дил, аз устод ба шогирд идомаю равнақ ёфтааст. Роҷеъ ба анъанаҳои эҷодию иҷроии «Фалак» ва фалаксароӣ таҳқиқоти ҷудогонае, ки таърихи таҳаввули ин хориқаи шеърию мусиқиро бар пояи санадҳои адабию таърихӣ, дар муқоиса ба эҷодиёти ҳунармандони мардумӣ таҳлилу баррасӣ карда бошад, то имрӯз рӯи кор наомадааст. Дар қисми зиёди навиштаҳо баёну тавсифи рӯзноманигорӣ ҷой дошта, бештар ба нақли худи иҷрокунандагони «Фалак» такя шудааст, ки мутаассифона аксари гӯяндаҳо аз ахбор, фаҳмиши таърихии таҳаввули шеърию мусқии «Фалак» бохабар нестанд ва хулосаҳои ишон ҳам мутобиқ ба салиқаи иҷроияшон шакл ёфтааст. Тавсифи жанрии «Фалак» чун анвои шеърию мусиқӣ мушаххас нашудааст. Яъне то имрӯз бисёр паҳлӯҳои эҷодию иҷроии «Фалак» чун хориқаи муассири ҳунарӣ номаълум мондааст ва хонанда, эҷодкор ё пажӯҳишгар бар пояи маводи шунидаю иҷрошуда нуктаронӣ кардаанд. Аммо таърихи ташаккул ва рушди ин жанр бо диди таҳқиқии бунёдӣ ба риштаи таҳлил наомадааст. Ин мавзӯи муҳим, ки бояд моҳият, асолат, генезиси «Фалак»-ро чун як падидаи муассири ҳунарию эҷодӣ дар тамаддуни тоҷикон муайян намояд, таҳқиқоти ҷиддиро нигарон аст.
Нақш ва мавқеи иҷрокунандагони мардумии касбӣ ва ғайрикасбӣ дар инкишофи жанри мазкур хело бузург аст. Бо заҳмату кӯшиши донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ мусиқии «Фалак» рушд намуда, имрӯз ба самъи оламиён расид.
Аз ахбори адабиёти шифоҳӣ пайдост, ки дар барҷоият ва ривоҷи ин суннати эҷодию иҷроии шеърию мусиқӣ саҳми ҳунармандони мардумӣ Карими Шиш, Бобохалили Одина, Қосим Ҳошим, Акашариф Ҷӯра, Иброҳим Кобулӣ, Абдулло Назрӣ, Одина Ҳошим, Гулчеҳраи Содиқ, Давлатманди Хол, Дона Баҳром, Сафар Мурод, Файзалӣ Ҳасан хело бузург аст. Ин ҳунармандони мардумӣ дар рангорангии ифодаҳои иҷроии «Фалак» ва таъсиромезии мавзӯоти он дар ҷараёни фаъолияташон заҳмати зиёд ба харҷ додаанд.
Дар ҷараёни эҷод ва иҷрои «Фалак» ва рушду идомаи анъанаҳои он сабки иҷроии ин ё он ҳавза, сабк (шева), равияи ҳунарӣ нақши хоса дошта, маҳз тавассути кӯшишу маҳорати ҳунармандони мардумӣ рангомезии мавзуоти ин жанри мусиқии шифоҳӣ то ҷое барҷо мондааст. Дар танаввуоти иҷроии шеърию мусиқии «Фалак» ва сабки хоси иҷроии он ҳавзаҳои ҳунарии Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум (Ҷам), Рашт нисбат ба ҳавзаҳои Хатлон (Кӯлобу Муъминобод, Кангурту Балҷувон) тафовут дорад. Дар анъанаи фалаксароии Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум баробари истифодаи созҳои хушсадои торӣ (сетор, баландзиком, рубоб, панҷтор), инчунин баён, ифодаи матну иҷро хеле нафису рангомез аст, ки инро метавон дар сабки иҷрои Акашарифи Ҷӯра, Пири Садир, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулӣ, Мусаввари Минак, Наврӯзшоҳи Қурбонҳусейн, Моҷони Назардод, Нусайрии Одина, Аслияи Искандар, Чанори Нобовар ва навозишҳои Мамадатои Тавалло, Иқболи Завқибек ба хубӣ эҳсос кард. Бахусус аз намояндагони ин ҳавза дар силсилабандиву иҷрои «Фалаки роғӣ» А. Назрӣ беҳамто буд. Тарзи иҷроиши ӯ саршор аз ифодаҳои созию тараннумӣ буда, мутобиқ ба мизонҳои ҳунари ҳирфаӣ қарор дошт. Сабки иҷроии силсилазанҷирии А. Назрӣ сабки талқину иҷроии А. Ҷӯраро тақвият бахшидааст. Хуб аст, ки Дона Баҳрому Панҷшанбе Ҷорӯб ва дигар иҷрокунандагони Бадахшону Дарвоз, Дашти Ҷум ин суннати иҷроиро ҳифз намудаву идома медиҳанд.
Ҳавзаҳои эҷодию иҷроии Кӯлобу Муъминобод, Кангурт, Шамсиддини Шоҳину Ховалинг, Сарихосор дар иҷрои «Фалак» (бахусус Фалаки даштӣ) бештар шуҳрат доранд. Пешоҳангони ин ҳавзаҳои иҷроӣ Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Бароти Фалак, Холмаҳдмади Фалак, Абдии Шингонӣ, Сафари Байтгӯ, Абдурауфи Султон (Булбул), Ҳошим Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳраи Содиқ, Файзалӣ Ҳасан, Давлатманди Хол, Сафармуҳаммад Мурод ва мутрибони машҳур Рустами Абдураҳим, Достии Орзу, Ҳаким Маҳмуд, Пирназари Дуторӣ, Ҷумъахон Раҷаби Рубобӣ, Саидалии Дуторӣ дар пойдориву барҷоияти анъанаҳои иҷроии ин жанри шеърию мусиқӣ нақши муассир гузоштаанд.
Бори аввал бо ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи эҷодию иҷроии ҳунарманди варзида Давлатманди Хол дар бостоншаҳри Кӯлоб ансамбли «Фалак» таъсис ёфт. Нақшаи таъсиси ин дастаи ҳунарии касбӣ соли 1978 ба миён омада, 20 июли соли 1989 тибқи Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, зери сарпарастии Вазорати Фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Театри мусиқӣ-драмавии ба номи С. Вализодаи бостоншаҳри Кӯлоб, таҳти сарварии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол фаъолияти муттасили хешро оғоз намуд, ки дар рушди ин мусиқии нодири мардуми тоҷик аҳмияти муҳим дошт.
Анъанаи эҷодию иҷроии фалаксароӣ дер боз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов мавриди тадрису омӯзиш қарор гирифта, устодону донандагони мардумии ин жанри шеърию мусиқии халқамон ба насли ҷавони ҳунармандон сирри нозукиҳои онро меомӯзонанд.
Аз солҳои 70 асри сипаригардида сар карда, таъсири оҳангу таронаҳои фалакӣ ба дигар жанру намудҳои мусиқии муосири тоҷик назаррас гардид. Суруду навоҳои Фалак дар барномаҳои консертӣ ҷой дода шуда, тавассути яккахониву якканавозӣ, ансамблу оркестрҳои созҳои миллӣ, камеравӣ, симфонӣ, эстрадӣ ва гуруҳҳои хорсароӣ иҷро мегарданд. Бахусус жанри фалак дар эҷоди як қатор суруду оҳанг ва асарҳои дилрасу рангомези мусиқии касбӣ-композитории тоҷик ҳамчун замина ва сарчашма хизмат кардааст. Аз ҷумла композиторони тоҷик Ф. Одина «Фалак» – барои думбра бо ҳамовозии оркестри симфонӣ, Х. Абдуллоев «Чархофалак» – барои яккахон, хор ва фортепиано, Т. Сатторов «Нолаҳо аз ёлаҳо» – соната барои скрипка ва фортепиано ва амсоли инҳоро дар такя ба анвои фалакӣ эҷод намудаанд. Ҳамзамон дигар композиторони тоҷик, Т. Шаҳидӣ, Қ. Ҳикматов, А. Мӯсоев аз суруду навоҳои фалакӣ илҳом гирифта, асарҳо эҷод намудаанд.
Дар замони мо низ, Ҳукумати Ҷумҳурӣ, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии «Фалак» ғамхории зиёд зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси роҳбари давлат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли «Фалак» мақоми давлатӣ дода шуд, ки ҳоло дар назди кумитаи радио ва телевизиони кишвар фаъолият дорад. Сарварии онро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Д.Холов ба ӯҳда дорад. Инчунин бо дастгириву ғамхории бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007, ҳар сол 10 октябр ҳамчун рӯзи «Фалак» ҷашн гирифта мешавад ва мо шоҳиди он мегардем, ки ин чорабинии фарҳангӣ бо тантана ва шаҳомати хос таҷлил мегардад. Аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто аз хориҷи он ҳунармандони асили мардумӣ гирд омада, санъату ҳунари волои хешро пешкаши мардум менамоянд.
«Фалак», ки дар ҳақиқат муаррифгари мусиқии суннатӣ ва адабиёти классикии пурғановати миллати фарҳангпарвари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, бояд бештару беҳтар омӯхта, амиқтару дақиқтар таҳқиқ карда шавад ва пайваста тавассути васоити гуногуни ахбориву консертӣ тарғиб гардад.
Абубакр Зубайдӣ